Дар даври нуҳуми марҳилаи интихобии Ҷемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2016 мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ аз дастаи Австралия - ғолиби Ҷоми Осиё бо ҳисоби бузурги 0 бар 7 шикаст хӯрд.
Ин вохӯрӣ рӯзи 24 март дар варзишгоҳи «Аделаида Овал» дар шаҳри Аделаида, маркази маъмурӣ ва шаҳри бузургтарини иёлати Австралияи Ҷанубӣ баргузор шуд.
Ёдрас мекунем, ки вохӯрии аввали даври гурӯҳӣ миёни ин дастаҳо, ки санаи 8 сентябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардида буд, низ бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи австралиягиҳо анҷом ёфта буд.
Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирӣ аз даври нуҳум дар гурӯҳи «В» дар зинаи аввали ҷадвал Австралия бо 18 имтиёз, дар зинаи дуюм Урдун бо 16 имтиёз, дар мақоми 3-юм Қирғизистон бо 11 имтиёз, дар зинаи 4-ум Тоҷикистон бо 5 имтиёз ва дар зинаи охир Бангладеш бо 1 имтиёз қарор гирифтанд.
Акнун дар даври охирини мусобиқи гурӯҳӣ мунтахаби Тоҷикистон санаи 29 март бо дастаи Қирғизистон ва Австралия бо Урдун бозӣ мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста