Дар даври охирини мусобиқаи гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худ аз дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 0 бар 1 шикаст хӯрд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, меҳмонон дар дақиқаи 18-уми бозӣ тӯбро ба ҳадаф расонида, аз кӯшишҳои футболбозони тоҷик баҳри мусовӣ кардани ҳисоб ё ғалаба дар идомаи ин вохӯрӣ ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд.
Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «В» дастаи Австралия дар майдони худ бар дастаи Урдун бо ҳисоби 5 бар 1 дастболо шуда, бо 21 имтиёз дар садри аввали ҷадвал қарор гирифт. Мақоми дуюмро дар ин гурӯҳ - Урдун бо 16 имтиёз, зинаи сеюмро - Қирғизистон бо 14 имтиёз, ҷойи чорумро - Тоҷикистон бо 5 имтиёз ва зинаи охирро - Бангладеш бо 1 имтиёз ишғол карданд.
Қобили зикр аст, ки акнун Тоҷикистон дигар аз ҳаққи иштирок дар мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 маҳрум шуда, барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 рақобат мекунад. Бозиҳои футболбозони тоҷик дар ин давр рӯзҳои 2 ва 7 июн баргузор мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста