Қаҳрамони чоркаратаи футболи Тоҷикистон - дастаи «Истиқлол»-и Душанбе рӯзи 3 апрел дар Варзишгоҳи "Металлург”-и шаҳри Турсунзода дар вохӯрӣ барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон бар дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати мавсими соли гузашта - дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3 бар 2 ғолиб омада, ба Суперҷоми футболи кишвар соҳиб шуд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ба нафъи душабегиҳо ва қисми дуюми вохӯрӣ мусовӣ - 1 бар 1 анҷом ёфта, футболбози дастаи «Истиқлол» Александр Каблаш, легионери украинӣ бозигари беҳтарини вохӯрӣ дониста шуда, дар ин бозӣ ду тӯбро ба ҳадаф расонид.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ медалҳои нуқраи Суперҷом ба дастаи "Хуҷанд" ва медалҳои тилло ба дастаи "Истиқлол” тақдим шуда, Хуршед Файзуллозода, ноиби аввали президенти ФФТ Суперҷоми Тоҷикистонро ба капитани "Истиқлол" Нуриддин Давронов супурд.
Қобили зикр аст, ки ин пирӯзии шашуми «Истиқлол» дар вохӯриҳо барои дарёфти Суперҷоми футболи мамлакат мебошад. Қаблан даста солҳои 2000, 2001, 2002, 2004 ва 2005 ба ин комёбӣ ноил гардида буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста