Муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар минтақаи "Осиё” ва "Уқёнус”дар Чин рӯзи 2 апрел барои ҷойи севум дар вазни то 91 кило бо намояндаи Австралия Ҷейсон Эрик рақобат карда аз рақибаш бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳрум гашт.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯзи 2 апрел хабар додааст. Ӯ гуфтааст, ки дар ин мусобиқаи литсензионӣ ҳамаи ёздаҳ муштзани тоҷик - дар сабқати мардон Шӯҳрат Сабзаалиев (49 кг), Файзмамад Малахбеков (52 кг), Ораз Авзалшоев (56 кг), Анвар Юнусов (60 кг), Шараф Давлатов (69 кг), Шаббос Неъматуллоев (75 кг), Наврӯз Ҷафоев (81 кг), Ҷаҳон Қурбонов (91 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг), дар сабқати занон Мавзуна Чориева (60 кг) ва Шоира Зулқайнарова (75 кг) - ба нокомӣ дучор шуда, аз роҳхатҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Гуфта мешавад, ҳамакнун муштзанҳои тоҷик муборизаро барои ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ рӯзҳои 16-28 май дар Остонаи Қазоқистон ва рӯзҳои 7-19 июн дар Бокуи Озарбойҷон идома хоҳанд дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста