Дар вохӯрии даври чоруми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2016 қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, дастаи футболи «Истиқлол» дар бозӣ бо тими «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ дар майдони худ бо ҳисоби 0 бар 1 ба шикасти навбатӣ дучор шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», тӯби ягонаро дар ин бозӣ меҳмонон дар дақиқаи 90+2 ба ҳадаф расонидаанд.
Баъди ин шикаст дастаи «Истиқлол» дигар тамоми имконоти раҳёбӣ ба марҳилаи дигари Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016-ро аз даст дод.
Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи «В» пас аз чор давр дастаи «Истиқлол» бо 1 имтиёз (1 мусовӣ ва 3 бохт) зинаи охирини чорумро ишғол намуда, ҳатто дар сурати пирӯзӣ дар ду давари боқимонда низ ба роҳхат ба даври дигари мусобиқа соҳиб намешавад.
Дар гурӯҳи «В» зинаи аввалро бо 9 имтиёз - «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, зинаи дуюмро бо 8 имтиёз - «Ал-Файсалӣ»-и Ӯрдун ва мақоми сеюмро бо 4 имтиёз тими «Триполи»-и Лубнон ишғол мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста