Бо ибтикори раҳбарияти дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ миёни ҳайати ҷавонони дастаи «Истиқлол» ва дастаи мунтахаби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бозии дӯстона баргузор мегардад.
Сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол» дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ин вохӯрӣ ба муносибати ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзи 20 апрел доир мегардад.
Қобили зикр аст, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, чорабиниҳои марказӣ бахшида ба ҷашни 19-умин солгарди ба сулҳу ризоият расидани тоҷикон, ки ҳамасола санаи 27 июн ҳамчун рӯзи Вадати миллӣ таҷлил мегардад, соли ҷорӣ дар маркази маъмурии ВМКБ - шаҳри Хоруғ баргузор мешаванд.
Ҳанӯз моҳи январи соли равон ҳукумати ҷумҳурӣ ба мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатии ВМКБ ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкил кардани ин ҷашн дастуру супоришҳо дода буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста