Дар Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон ба паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии дзюдои Осиё дар Тошканд унвони қаҳрамониро ба даст овард, 10 ҳазор сомонӣ ҷоизаи пулӣ доданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти КМО Тоҷикистон, ин ҷоизаро ба Комроншоҳ рӯзи 21 апрел Акбар Ғуломов, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ ва ҳамзамон раҳбари ширкати "Ғаюр” супурд, ки сарпарасти кулли КМО Тоҷикистон мебошад.
Гуфта мешавад, дарёфти ҷоизаи пулии Комроншоҳ бо ин хатм нашуда, бар асоси меъёрҳои талаботи ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, Комроншоҳро барои медали тиллои қаҳрамонии Осиё ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ мукофоти раисиҷумҳур низ интизор аст.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар маросими супурдани ҷоизаи молӣ ба паҳлавони тоҷик Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гуфтааст, ки Комроншоҳи Устопириён аввалин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи дзюдои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё соҳиб гаштааст.
Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар ин маросим иброз доштааст, Комроншоҳи Устопириён ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шуда, онҳо боз як-ду роҳхати олимпиро аз гуштигирони худ чашмдоранд.
Инчунин, дар ин маросим Комроншоҳро бо пирӯзиаш Носир Бозоров, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, муборакбод кардааст.
Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 15-16 апрел дар Тошканд - пойтахти Узбакистон – баргузор шуд, паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 килограмм ҳамаи рақибонашро шикаст дода , соҳиби медали тилло шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста