Дар Рӯзи дави миллии ҳамасолаи Тоҷикистон, ки санаи 15 май доир гардид, тақрибан ҳар як 21-умин шаҳрванди Тоҷикистон ширкат варзид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМО ҶТ), Рӯзи дави миллӣ бо иштироки афроди синну соли мухталиф дар саросари кишвар доир гардид ва ба гуфтаи масъулон, дар он тақрибан ҳудуди 400 ҳазор нафар афроди касбу кори гуногун ширкат карданд. Танҳо дар шаҳри Душанбе ҳудуди 40 ҳазор нафар дар дави миллӣ иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, сокинони пойтахт дар ин мусобиқа ҳудуди беш аз 10 километрро тай карда, аз маҳаллаи Чорбоғ то майдони "Наврӯзгоҳ" миёни ҳам рақобат карданд. Дар дави миллӣ намояндагони аксари корхонаву ташкилотҳо ширкат намуданд ва ба гуфтаи масъулин, донишҷӯёни макотиби олӣ аз ҳама фаъолтар буданд.
Ба гуфтаи ташкилкунандагони ин чорабинӣ, дар ин маърака ғолибон муайян намегарданд ва он танҳо ба хотири оммавияти варзиш, ихтисос дода шудааст.
Ёдрас мекунем, ки Рӯзи дави миллӣ бо фармони президенти Тоҷикистон сар аз соли 2007 ҳар сол якшанбеи севуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ барпо мегардад.
Қобили зикр аст, ки аввали сол шумори аҳолии Тоҷикистон ба ҳудуди 8,4 млн. нафар расид. Ғайр аз ин, айни замон наздики 1 млн. шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия қарор доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста