Муштзани машҳури тоҷик Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар Остонаи Қазоқистон ҷараён дорад, дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 60 кило бар рақибаш Вен-Линг Чен аз Тайван пирӯз шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олмипии ҶТ, дар ин қувваозмоӣ, ки бегоҳи панҷшанбеи 19 май баргузор шуд, Мавзуна бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Рақиби Мавзуна дар даври навбатӣ, ки бегоҳи шанбеи 21 май барпо мегардад, Яна Алексеевна аз Озарбойҷон мебошад. Дар вазни то 60 кило ҳамагӣ 47 муштзан иштирок мекунад.
Қобили зикр аст, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон Тоҷикистонро ду варзишгар намояндагӣ карда, муштзани дигари тоҷик Шоира Зулқайнарова дар рӯзи аввали мусобиқа дар вазни то 75 кило дар қувваозмоӣ бо рақибаш Сараҳ Шеурих аз Олмон ба нокомӣ дучор шуд. Ба ин тартиб, Шоира Зулқайнарова аз шонси охирин истифода карда натавонист ва аз роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳрум шуд.
Ин мусобиқаи пурнуфузтарини ҷаҳонӣ бо ширкати беш аз 300 варзишгар аз ҳудуди 70 кишвар то рӯзи 27 май идома хоҳад кард.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар Остона варзишгарон ба ҷуз унвони қаҳрамонӣ ва медалҳо, инчунин дар се вазн (-51, -60 ва -75 кг) барои 12 роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро мубориза мебаранд. Яъне ғолибону муштзанҳое, ки мақомҳои ифтихориро ишғол мекунанд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Ин охирин имконоти ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ барои бонувони муштзани ҷаҳон мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста