Паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-Де-Жанейрои Бразилия мушарраф шуданд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо истинод ба Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) хабар медиҳад .
Бар асоси рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ, ки дар сомонаи ин созмони байналмилалӣ нашр шудааст, Комроншоҳи Устопириён дар байни 278 дзюдочии ҷаҳон бо 1292 имтиёз дар мақоми 11-ум қарор дорад. Вай ба таври мустақим барои ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 роҳ ёфтааст.
Варзишгари дигари тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бошад, дар рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ дар вазни беш аз 100 кило дар байни 188 нафар бо 377 имтиёз дар зинаи 48-ум ҷой гирифтааст. Ӯ бо квотаи қитъавӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудааст.
Ёдрас мешавад, ки дар байни варзишгарони Тоҷикистон аввалин роҳхатро ба Бозиҳои олимпии Рио-2016 гурзандози машҳур Дилшод Назаров ба даст овардааст. Ҳамин тариқ то имрӯз се варзишгари тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи навбатӣ мушарраф шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста