Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон, ки аз 16 то 25 июн дар пойтахти Озарбойҷон - шаҳри Боку бо иштироки 375 варзишгар аз 92 кишвари дунё доир гардид, ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни то 60 кило Анвар Юнусов аз ҳарифи худ - муштзани Голландия Энрико Ле Курсу бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрд, вале сарфи назар аз ин натиҷа, муштзани пуртаҷрибаи тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф гашт.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ҳамин тариқ, то имрӯз панҷ варзишгари тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста