Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи байнулмилалии навбатии «62nd Janusz Kusocinski Memorial» бо иштироки 8 гурзандоз дар шаҳри Шетсини Полша ширкат варзид.
Бино ба иттилои торнамои times.tj, қувваозмоии мазкур дар доираи мусобиқаҳои силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» доир гардида, Дилшод Назаров бо натиҷаи 77,20 метр медали биринҷиии мусобиқаро ба даст овард.
Гуфта мешавад, зинаи аввали мусобиқаро бо натиҷаи 80,10 метр варзишгари Полша Павел Файдек ва зинаи дуюмро бо натиҷаи 77,43 метр намояндаи Қатар Аҳмад Амқад Ал Сифӣ ишғол намудаанд.
Дар доираи мусобиқаҳои силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» дар ин мавсим аллакай 8 давр баргузор шуда, Дилшод Назаров дар 3-тои он иштирок кард. Қаблан ӯ дар даврҳои «Diamond League Meetings» (ИМА) бо натиҷаи 78,12 метр ва дар даври «55th Ostrava Golden Spike» в Остраве (Чехия) бо натиҷаи 78,82 метр ба дарёфти медалҳои нукраи ин мусобиқаҳо мушарраф гардида буд.
Дар мавсими имсола Дилшод Назаров бо касби 234,14 имтиёз миёни гурзандозони беҳтарини ҷаҳон дар зинаи 2-юм қарор дорад. Мақоми аввалро бо 241,04 имтиёз варзишгари Полша Павел Файдек, зинаи 3-юмро бо 228,15 имтиёз боз як намояндаи Полша Войсех Новитски, мақоми 4-умро бо 226,09 имтиёз гурзандози Словакия Марсел Ломнитский ва мақоми 5-уми панҷгонаи беҳтарини гурзандозони ҷаҳонро бо 223,21 имтиёз варзишгари Италия Марко Лингва ишғол мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста