Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия интихоб шуд.
Ин тасмим дар ҷаласаи Ассамблеяи XV генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ), ки рӯзи 16-уми июл дар шаҳри Душанбе, дар маҷлисгоҳи КМОТ, барпо гардид, гирифта шуд.
Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-при оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд. Олимпиадаи навбатӣ барои Дилшод Назаров чорумин ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки пеш аз оғози кори ҷаласаи Ассамблеяи XV генералии КМОТ беҳтарин варзишгарон Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (гуштии ҷудо) ва Анвар Юнусов (бокс) - барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Рио-2016 бо ҷоизаи молии ҶДММ “Ғаюр”, сарпарасти кулли КМОТ, мукофотонида шуданд. Ҷоизаҳоро ба ҳарду раҳбари ин ҷамъият Акбар Ғуломов, ки ҳамзамон ноиби президенти КМО ҶТ мебошад, супурд.
Дар ҷаласаи Ассамблеяи XV генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон фаъолияти КМОТ дар давраи соли 2015 ва нимаи аввали соли 2016 натиҷагирӣ шуд.
Дар ин бора котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ҳисобот дод. Вай гуфт, ки то имрӯз ҳафт варзишгари Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудаанд.
“Ба ҷуз гурзандоз Дилшод Назаров, паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар риштаи ҷудо, муштзан Анвар Юнусов, шиноварон Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов, даванда Кристина Пронженко дар Олимпиадаи Рио-2016 Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд”, - иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста