Ҳайати варзишии Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ рӯзи панҷшанбеи 28-уми июл соати 05:05 тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе-Истамбул-Сан-Паулу-Рио-де-Жанейро ба Бразилия сафар мекунад.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, маросими гусели варзишгарон 28 июл соати 03:00 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор мешавад. Қарор аст дар ин маросим масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои миллии варзишӣ, собиқадорон ва ҳаводорони варзиш ширкат кунанд.
Умуман, ҳайати варзишии Тоҷикистон аз 23 нафар иборат аст, ки ҳафт нафари онҳо варзишгарон ва 16 нафари дигар мураббиёну роҳбарони бархе аз федератсияҳои миллии варзишӣ ва ашхоси расмӣ мебошанд.
Варзишгарони тоҷик дар чор риштаи варзиш – бокс, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ рақобат хоҳанд кард.
Гурзандози машҳур Дилшод Назаров парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки 5 август дар варзишгоҳи “Маракана”-и Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад, интихоб шудааст.
Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 5-ум то 21-уми август баргузор мешаванд. Мусобиқот аз рӯи футбол, инчунин дар шаҳрҳои дигари ин кишвар – Белу-Оризонти, Бразилиа, Салвадор ва Сан-Паулу барпо мегардад.
Ин аввалин Бозиҳои олимпӣ дар Америкаи Ҷанубӣ, дувумин Бозиҳои олимпӣ баъди Олимпиадаи соли 1968 дар Мехико дар Америкаи Лотинӣ ва нахустин Бозиҳои олимпӣ сар аз соли 2000-ум дар нимкураи ҷанубӣ маҳсуб мешаванд. Дар ин Олимпиада шумораи маҷмӯи медалҳо (301) ва теъдоди кишварҳои ширкаткунанда (206) рекордист.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста