Собиқ футболбози дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд Искандар Ҷалилов ҳунарнамоии худро дар тими аврупоии «Дунав»-и Булғористон идома медиҳад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Искандар Ҷалилов аз дастаи «Волга» (Нижегород), ки муддати ду сол дар он бозӣ кардааст, ба ин даста гузашта, пештар нимсолӣ дар дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ҳунарнамоӣ дошт ва ҳамчунин дар тимҳои «Рубин» (Қазон), «Нефтехимик» (Нижнекамск) ва «Турну-Северин» (Руминия) низ бозӣ кардааст.
Гуфта мешавад, И.Ҷалилов дар ҳайати мунтахаби футболи Тоҷикистон низ бозӣ карда, дар бозии дӯстона бо тими Эстония (1:2) бозигарро иваз карда буд.
Ба иттилои манбаъ, дар тими нави худ Искандар Ҷалилов метавонад аллакай рӯзи шанбе, 30 июл дар вохӯрӣ бо дастаи «Верея» дар даври якуми мусобиқаи чемпионати Булғористон бори нахуст ба бозӣ барояд.
Қобили зикр аст, ки Искандар Ҷалилов дуюмин футболбози тоҷик аст, ки дар чемпионати Булғористон ҳунарнамоӣ мекунад. Қаблан нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев ба дастаи «Локомотив»-и Пловдив гузашта буд. Пештар Умарбоев якуним сол дар ҳайати тими «Истиқлол» бозӣ карда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста