Имрӯз, 10 август дар даври аввали мусобиқоти дзюдои Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро гуштигири ҷавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ба рақобат шурӯъ мекунад. Рақиби нахустини ӯ варзишгари маъруфи Гурҷистон Варлам Липартелиани мебошад.
Комроншоҳи Устопириён бори нахуст дар Бозиҳои олимпӣ ширкат варзида, ният дорад, ки ба комёбӣ дар ин мусобиқа ноил гардад. Қувваозмоии Комроншоҳ ва Варлам дар Олимпиадаи Рио имрӯз соати 10-и рӯз ба вақти маҳаллӣ (соати 18-00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Варлам Липартелиани гуштигири маъруф ва соҳибтаҷриба буда, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон соли 2015 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ба гирифтани медали биринҷӣ дар вазни то 90 кило шарафёб гардид. Ӯ ҳамчунин чемпиони ҳафткаратаи Аврупо буда, чандин маротиба дар мусобиқаҳои Гран-при ва Grand Slam ғолиб шудааст. Дар рейтинги дзюдочиёни беҳтарини ҷаҳон зинаи сеюмро ишғол мекунад.
Комроншоҳи Устопириён нахустин варзишгари тоҷик аст, ки ба унвони чемпиони Осиё соҳиб шудааст. Дар мусобиқоти чемпионати Осиё соли 2016 дар Тошканд ӯ дар вазни то 90 кило бар ҳамаи ҳарифонаш дастболо шуда, медали тиллои мусобиқотро ба даст овард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста