Рӯзи 16 август рӯйхати варзишгароне, ки дар мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ оид ба гурзандозӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия иштирок мекунанд, эълон шуд.
Бино ба иттилои дафтари Матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ миёни 32 гурзандози зӯртарини ҷаҳон аз 26 кишвар дар ду гурӯҳ – A ва B – барпо мегардад. Дар ин мусобиқот аз Британияи Кабир, Булғористон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сенафарӣ, аз Полша ва Эрон дунафарӣ ва аз кишварҳои дигар якнафарӣ иштирок мекунанд.
Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров ба гурӯҳи В дохил аст. Дар ин гурӯҳ дунафарӣ аз Булғористону Британияи Кабир ва якнафарӣ аз Финляндия, Венгрия, Молдова, Мексика, Ӯзбекистон, Юнон, Ҷумҳурии Чех, Булғористон, Туркия, Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон шомиланд.
Мусобиқоти гурӯҳи В рӯзи 17 август соати 11:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:05 ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Навбати Дилшод Назаров сездаҳум аст. Ӯ таҳти рақами 2967 рақобат мекунад.
Бар асоси низомнома баъди натиҷагирии мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ аз байни 32 гурзандоз дувоздаҳ нафар беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ, ки рӯзи 19 август доир хоҳад шуд, роҳ меёбанд ва барои медалҳои олимпӣ мубориза мебаранд.
Қобили зикр аст, ки аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, шаш нафар – Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко(давидан ба масофаи 200 метр) - ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста