Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ба мусобиқоти ниҳоии гурзандозӣ роҳ ёфт, барои ба даст овардани медали олимпӣ шанси хуб дорад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи милллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқоти ниҳоӣ шаби 19 август соати 21:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия шурӯъ мешавад.
Барои медалҳо 12 гурзандози зӯртарини ҷаҳон аз 11 кишвар, ки аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ маълум шудаанд, мубориза мебаранд. Навбати онҳо дар рӯйхат чунин аст:1 Иван Тихон (Беларус).2.Диего дел Реал (Мексика).3.Кристиан Парс (Венгрия). 4. Марсел Ломински (Словакия). 5. Давид Содерберг (Финляндия).6. Вагнер Домингос (Бразилия). 7. Сергей Маргиев (Молдова). 8. Ашраф Амғад Ал Сайфӣ (Қатар). 9. Сергей Коломоетс (Беларус).10. Войтсех Новитски (Полша).11. Евгений Виноградов (Украина).12. Дилшод Назаров (Тоҷикистон).
Дилшод Назарови 34-сола, ки навбаташ охирин аст, таҳти рақами 2967 рақобат мекунад. Рекорди инфиродии ӯ 80 метру 71 сантиметр ва натиҷаи беҳтарини охиринаш 78.87 метр мебошад.
Дар сабқати ниҳоӣ рақибони аслии гурзандози тоҷик Иван Тихони 40-солаи беларус (рекорди инфиродиаш – 84.51 м, натиҷаи беҳтарини охиринаш – 80.04 м), Войтсех Новитскии 27-солаи лаҳистонӣ (рекорди инфиродиаш – 78.71 м, натиҷаи беҳтарини охиринаш – 78.36 м) ва Кристиан Парси 34-солаи маҷористонӣ (рекорди инфиродиаш – 82.69 м, натиҷаи беҳтарини охиринаш – 77.38 м) мебошанд.
Бояд тазаккур дод, рекорди ҷаҳонӣ бо натиҷаи 86.74 метр ба Юрих Седих (Иттиҳоди Шӯравӣ) мутааллиқ аст. Вай ин натиҷаро 30 августи соли 1986 дар Штутгарти Олмон нишон додааст. Рекорди олимпӣ бошад, 84.80 метр аз ҷониби Сергей Литвинов (Иттиҳоди Шӯравӣ) 26 сентябри соли 1988 дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ гузошта шудааст.
Зимнан, варзишгари машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев соли 1992 дар Бозиҳои олимпии Барселона (Испания) дар гурзандозӣ бо натиҷаи 82.54 метр бо медали тилло сарфароз гаштааст.
Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то рӯзи 21 август идома мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста