Дар бозии дӯстонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Сурия, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи оянда, санаи 27 август дар варзишгоҳи «20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад, миёни тамошобинон бозии лотерея гузаронида мешавад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, пас аз анҷоми вохӯрӣ тибқи рақамҳои билетҳои воридшавӣ миёни мухлисон бозии лотерея гузаронида шуда, онҳо имкон доранд, ки ба як қатор бурдҳои арзишманд соҳиб шаванд.
Гуфта мешавад, дар бозии лотерея мухлисон ба бурдҳои планшет, смартфони навтарин, сарулибоси варзишӣ ва автомашинаи «Мерседес-Бенс» ноил гардида метавонанд.
Зимнан зикр мегардад, ки аввали ҳафтаи оянда фурӯши билетҳои ин бозӣ оғоз гардида, арзиши билет ба ҳамаи нишастгоҳҳои варзишгоҳ 20 сомонӣ аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста