Варзишгари маъруфи тоҷик, қаҳрамони Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назаров охири ҳафтаи равон, рӯзи 26 август ба Душанбе бармегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.
Баъди анҷоми Олимпиадаи Рио Дилшод Назаров дар мусобиқаи байнулмилалии гурзандозӣ дар Лаҳистон (Полша) ширкат варзида, шоми санаи 26 август тариқи хатсайри ҳавоӣ аз Истамбул (Туркия) ба Душанбе меояд.
Дар варзишгоҳи «Маракана»-и шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах Бозиҳои тобистонаи XXXI олимпӣ-2016-ро пӯшида эълон намуд. Миёни 207 кишвари ҷаҳон, ки дар Бозиҳои XXXI олимпии Рио-де-Жанейро ширкат варзиданд, Тоҷикистон зинаи 58-умро касб кард.
Дар мусобиқаи гурзандозӣ Дилшод Назаров бо натиҷаи 78,68 метр зинаи аввалро ишғол кард , ки ин медали тилло дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон бори нахуст аст. Мақоми дуюмро намояндаи Беларус Иван Тихон (77,79 метр) ва ҷойи сеюмро варзишгари Лаҳистон (Полша) Войсех Новитски (77,73 метр) касб намуданд.
Қобили зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дилшод Назаровро бо пирӯзӣ дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тиллоии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шуданаш, табрику таҳният гуфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста