Дар варзишгоҳи «Маракана»-и шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах Бозиҳои тобистонаи XXXI олимпӣ-2016-ро пӯшида эълон намуд.

«Мувофиқи анъана ман аз ҷавонони саросари ҷаҳон даъват мекунам, ки баъди 4 сол дар Токио гирдиҳам биоянд, то ки ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ-2010 ҳусни оғоз бахшем», - иброз дошт ӯ.
Дар маросими пӯшида шудани Бозиҳои XXXI олимпӣ 3 ҳазор нафар ихтиёриён ва варзишгарон иштирок ва сафороӣ намуданд.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро аз 5 то 21 август баргузор шуданд. Дар ҳисоби дастаҳо тими ИМА ғолиб омад, ки 121 медал (46 - тилло; 37 нуқра ва 38 биринҷӣ) ба даст овард. Зинаи дуюмро бо 67 медал - Британияи Кабир (27 тилло; 23 нуқра ва 17 биринҷӣ), мақоми сеюмро бо 70 медал - Чин (26 тилло; 18 нуқра ва 26 биринҷӣ) ва зинаи чорумро бо 56 медал - Русия (19 тилло; 18 нуқра ва 19 биринҷӣ) ишғол намуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории TojNews , аз миёни варзишгарони 207 давлат намояндагони 87 мамлакат соҳиби медал шуданд. Аз инҳо варзишгарони 59 давлат ба мақоми қаҳрамонӣ расиданд. Аз рӯи ҳисоби медалҳо ИМА бо 121 медал дар мақоми аввал, Британияи Кабир бо 67 медал дар мақоми дуввум, Чин бо 70 медал дар мақоми сеюм ва Русия 56 медал дар мақоми чорум қарор доранд.
Ба даҳгонаи аввал инчунин кишварҳои Олмон (42), Ҷопон (41), Фаронса (42), Кореяи Ҷанубӣ (21), Италия (28) ва Австралия (29) ворид шудаанд. Тоҷикистон дар ин рӯйхат дар мақоми 54-ум қарор дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста