Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байнулмилалии силсилаи Гран-прии Тошканд оид ба дзюдо ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид. Ин мусобиқа бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми умумии 100 ҳазор доллар рӯзҳои 6-8 октябр дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, то вохӯрии финалӣ Комроншоҳ дар қувваозмоиҳо бар варзишгарони ӯзбек Достон Маллаев ва Дониёр Имомов дар вазни то 90 кило ғолиб омад.
Дар қувваозмоии финалӣ низ гуштигири тоҷик боз як нафар аз намояндагони кишвари мизбон - Дилшод Чориевро мағлуб кард. Ба ҷуз медали тилло, ба Комроншоҳи Устопириён боз 3 ҳазор доллар мукофотпулӣ инъом шуд.
Қобили зикр аст, ки ба ғайр аз Комроншоҳи Устопириён дар ин мусобиқа боз 8 гуштигири тоҷик низ ширкат варзида, вале аз медалҳо бенасиб монданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста