Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар бозии даври охирини гурӯҳи «В» дар мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 бар дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамин тариқ мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» зинаи аввалро ишғол намуда, мустақиман ба даври финалии Чемпионати Осиё-2018 миёни ҷавонони синни то 19-сола роҳхат гирифт, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, дар гурӯҳи «В» бо 10 имтиёз зинаи аввалро тими мунтахаби Тоҷикистон, мақоми дуюмро бо 9 имтиёз - Ӯзбекистон, ҷойи сеюмро бо 7 хол - Бангладеш касб карданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста