Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока имрӯз ба раиси Федератсияи бадминтони Тоҷикистон Кабир Ҷӯразода аз номи Асостсиатсияи бадминтони Ҷопон таҷҳизотҳои бадминтонӣ супорид, ки ҳамчун қисми таркибии барномаи “Варзиш барои фардо” мебошад.
Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ хабар доданд, Федератсияи бадминтони Тоҷикистон ташкилоти нисбатан ҷавон буда фаъолияти худро дар соли 2011 оғоз намудаст ва мунтазам мусобиқаҳо дар сатҳи гуногун анҷом медиҳад.
Ассотсиатсияи бадминтони Ҷопон барои беҳтар намудани шароити таълими Федератсияи бадминтони Тоҷикистон ва дастгирии варзишгарони ҷавон таҷҳизоти бадминтонӣ дастрас намуд. Аз ҷумла 30 рокетка, 15 ҷуфт либосҳои варзишӣ, 10 ҷуфт пойафзоли варзишӣ ва 80 тӯбчаи бадминтонӣ дастрас гардонида шуд.
Гуфта мешавад, тавассути барномаи Ҷопон “Варзиш барои фардо” як қатор лоиҳаҳо дар саросари ҷаҳон амалӣ мешаванд. Лоиҳаи дар боло зикргардида барномаи сеюмин дар Тоҷикистон татбиқшаванда мебошад.
Қаблан соли 2016 "Лоиҳаи таъмини таҷҳизот барои Федератсияи дзюдо дар Тоҷикистон" ва дар соли 2017 "Лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти таълимии варзишӣ барои варзишгарони маъюби Тоҷикистон" бомуваффақият амалӣ гардида буданд. Барнома ба густариш ва ҳавасманд гардонидани варзиш, минҷумла ҳаракати Олимпӣ ва Паралимпӣ барои одамони наслҳои гуногун, аз ҷумла ҷавонони ояндасоз равона шудааст.
Барнома дар давраи солҳои 2014 – 2020 амалӣ гашта, беш аз 10 миллион нафарро дар зиёда аз 100 кишвари дунё дар бар мегирад. Босамар ва бомуваффақ амалӣ намудани барномаи “Варзиш барои фардо” то Бозиҳои Олимпӣ ва Паралимпии Токио 2020 аз шумули ӯҳдадориҳои ҳукумати Ҷопон мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста