Бо қарори президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ, роҳбари департаменти дастаҳои мунтахаби Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Улуғбек Каримови 31-сола котиби генералии нави CAFA таъин шуд.
Дар ин мансаб Улуғбек Каримов мутахассис аз Ӯзбекистон Санҷар Ризоевро иваз намуд, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ба кор гузашт. Каримов аз соли 2013 дар сохтори ФФТ кор мекунад, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии ФФТ.
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) моҳи июни соли 2014 таъсис дода шуда, ба яке аз панҷ минтақаҳои Конфедератсияи футболи Осиё дохил мешавад.
CAFA федератсияҳои футболи шаш давлат - Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро муттаҳид месозад. Дар Конгресси навбатии CAFA, ки 24 апрел доир гардид, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ президенти нави CAFA интихоб шуд. Пас аз интихоби ҳайати нави раҳбарии CAFA, қароргоҳи ташкилот ба Душанбе кӯчонида шуд.
Моҳҳои июл ва августи соли равон дар Душанбе чемпионатҳои CAFA байни мунтахабҳои наврасони то 16-сола ва мунтахабҳои ҷавонони то 19-сола гузаронида шуд, ки мутаносибан дастаҳои Тоҷикистон ва Эрон пирӯз шуданд.
Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста