Дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон аз 14 то 22 сентябр Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини озод, юнонӣ-римӣ ва гуштини бонувон доир мегардад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар рақобатҳо барои дарёфти медалҳо дар навъи гуштини озод аз Тоҷикистон Муҳаммад Икромов (57кг), Ҷамшед Шарипов (61кг), Абдулқосим Файзиев (65кг), Баҳодур Қодиров (86кг), Искандари Рустам (97кг) ва Фарҳод Анақулов (125кг) қувваозмоӣ мекунанд.
Дар навъи гуштини юнонӣ-римӣ Тоҷикистонро Ислом Мазитов (60кг), Мубинҷон Аҳмедов (67кг), Ҳабибҷон Зуҳуров (72кг), Муҳаммад Исмоилов (77кг) ва Тоҳир Охонов (87кг) намояндагӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, намояндагони Тоҷикистонро сармураббиён Олимов Абдурозиқ ва Беков Фаррух ҳамроҳӣ доранд.
Зикр мегардад, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини варзишӣ аввалин мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба ҳисоб меравад. Варзишгароне, ки дар вазнҳои олимпӣ то ҷои шашумро ишғол мекунанд, соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста