Варзишгари тоҷик Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо сазовори медали биринҷӣ шуд.
Бино ба иттилои Кумитаи милии олимпӣ, аз Тоҷикистон ду варзишгар – Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73кг ва Хуршед Маҷидов дар вазни -100кг дар мусобиқа иштирок карданд.
Хуршед дар даври аввал аз Даниел Дичеви булғористонӣ, ки ғолиби вазни -100кг шуд, мағлуб гардида, сипас дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм варзишгари чех Радек Ҳеклро шикаст дод. Медали нуқраро варзишгари муғул Хангал Одбаатар ба даст овард.
Хайёмиддин, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари мизбон Чо Фунг Леунг, дар чорякфинал бар варзишгари Муғулистон Чоиҷилсурен Ганболд пирӯз гардида, ба нимфинал роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал аз намояндаи Русия Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки ғолиби вазни -73кг гардид ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари дигари Муғулистон Болор-Очир Герелтуйа мағлуб гашта, ҷойи панҷумро ишғол кард. Медали нуқраи вазни -73кг насиби намояндаи Қазоқистон Медиёр Сембаев, медали дигари биринҷӣ насиби варзишгари Канада Константин Габун гардид.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқа 30 ноябр – 1 декабр дар Ҳонг Конг бо иштироки 163 варзишгар (96 мард, 67 зан) аз 30 давлат баргузор гашт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста