Варзишгорони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин, ки аз 18 то 23-юми феврал дар шаҳри Деҳлии пойтахти Ҳиндустон ҷараён гирифт, соҳиби 4 медал шуданд.
Дар ин чемпионат аз рӯйи се равия – гуштини тарзи озод, гуштини юнонӣ-римӣ ва гуштини бонувон 275 варзишгар аз 24 кишвари қораи Осиё иштирок доштанд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Дар рӯзи охири мусобиқа Муҳаммад Икромов дар вазни 61 кг медали нуқра ба даст овард. Ӯ дар чорякфинал бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҷиҳон Юн ва дар нимфинал бар варзишгари Ҷопон Риуто Сакакӣ ғолибият ба даст оварда, дар финал аз намояндаи Қирғизистон Улукбек Жолдошбеков мағлуб гардид.
Қаблан Ҳикматулло Воҳидов дар вазни 57 кг-и гуштини озод медали нуқра, Искандари Рустам дар вазни 97кг-и гуштини озод ва Мубинҷон Ахмедов дар вазни 63кг-и гуштини юнонӣ-римӣ медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Тоҷикистонро 15 варзишгар – ҳафтнафарӣ аз рӯйи равияҳои гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, як нафар дар гуштини бонувон намояндагӣ карданд.
Дар ҳисоби даставӣ варзишгарони Ҷопон бо 15 медал (8 тилло, 5 нуқра, 2 биринҷӣ) ҷойи аввал, Эрон бо 17 медал (7-4-6) мақоми дуюм ва Ҳиндустон бо 21 медал (6-5-10) мавқеи сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо ду медали нуқра ва 2 биринҷӣ миёни 24 кишвари иштирокчӣ ҷойи нуҳумро ишғол кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2025
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста