Кумитаи байнулмилалии олимпӣ (КБО) изҳор дошт, ки барои қабул кардани ҳар гуна қарорҳои радикалӣ дар робита ба Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии имсола дар пасманзари авҷи коронавирус дар ҷаҳон ниёз нест.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин изҳороти КБО 17-уми март пас аз ҷаласаи видеоӣ бо федератсияҳои байнулмилалӣ ва кумитаҳои миллии олимпӣ нашр шудааст.
Зимнан таъкид гардид, ки Бозиҳои олимпӣ дар Токио тибқи нақшаи тасдиқшуда баргузор мешавад, новобаста ба он ки бо сабаби авҷ гирифтани коронавируси COVID-19 бисёр мусобиқаҳои интихобии олимпӣ барҳам хӯрданд ё ба вақти дигар гузаронида шуданд.
КБО иқрор шуд, ки дар масъалаи мусобиқоти интихобӣ бинобар паҳн шудани вирус ба мушкил дучор омадааст. Дар умум, аз 11000 варзишгаре, ки бояд дар Бозиҳои олимпӣ ширкат кунанд, 57 дарсадаш маълум шудааст. КБО дар ҳамкорӣ бо федератсияҳои байнулмилалӣ барои интихоби 43 дарсади боқимонда талош мекунанд. Дар ин робита гурӯҳи махсус ташкил шудааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба низоми интихобӣ аз номи Кумитаи иҷроияи КБО қарори фаврӣ қабул мекунад.
Истифодаи раддабандиҳо ва натиҷаҳои таърихии варзишгарон барои ба даст овардани роҳхат ба Токио-2020 яке аз чораҳоест, ки эҳтимол истифода мешавад. Ба федератсияҳои байнулмилалӣ низ иҷозат дода шудааст, ки муҳлати интихобиро тамдид кунанд.
КБО эълон кардааст, ки масъалаи кам кардани квотаҳо барои варзишгарон дар ҳолатҳои истисноӣ ба таври ҷиддӣ баррасӣ хоҳад шуд. Аз тағйирот дар низоми интихобии олимпӣ аввали моҳи апрел хабар дода мешавад.
“КБО мисли қабл барои баргузории Бозиҳои Олимпии Токио-2020 мутақоид аст, зеро то оғози бозиҳо 4 моҳ вақт ҳаст ва ҷиҳати қабули қарор дар ин робита зарурат нест, - омадааст дар изҳорот. - КБО аз ҳамаи варзишгарон даъват мекунад, ки ҷиддӣ ва беҳтар ба бозиҳо омодагӣ бинанд”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста