Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ бонувони дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтарро сазовори унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол” донист.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Федератсияи футболи вилояти Хатлон хабар додааст. Гуфта мешавад, ки тими занонаи “Хатлон” дар Чемпионати қаблии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи бонувон соҳиби ҷойи аввал гардида буд.
Дастаи мазкур зери роҳбарии мураббӣ Ашур Гадоев дар мавсими гузашта дар 18 бозӣ 16 пирӯзӣ ба даст овардааст ва як бозиро мусовӣ анҷом дода, як бозиро бохтааст. Дар натиҷа бо 49 имтиёз ҷойи аввалро ишғол карда, соҳиби медали тилло ва ҷоми футболи кишвар шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста