Аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ пас аз карантин 2-4-уми октябри соли 2020 дар Анталияи Туркия баргузор мешавад. Бақайдгирии иштирокчиён аз имрӯз 17-уми август оғоз гардида, то 21 сентябр идома меёбад.
Ба иттилои Кумитаи милли олимпӣ, Кумитаи иҷроияи ташкилоти “Камонварии ҷаҳонӣ” (World Archery) қаблан бо сабаби пандемияи Covid-19 мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонро бекор карда буд. Ин чорабинӣ соли оянда ба нақша гирифта шудааст.
Ҷоми ҷаҳон-2021 аз се марҳила иборат хоҳад буд – дар Гуатамелла (19-25 апрел), Шанхай (17-23 май) ва Париж (22-23 июн). Ба ин хотир World Archery иҷозат дод, ки мусобиқаҳои интихобӣ аз 1 сентябри соли 2020 доир карда шаванд. Холҳои бадастовардаи варзишгарон дар чунин мусобиқаҳо то 1 апрел алоҳида ҳисоб карда хоҳад шуд.
Тавре дар изҳороти World Archery қайд мешавад, Анталия аввалин шаҳрест, ки хостори ташкил ва баргузор кардани мусобиқа шуда, ба таъмини амнияти иштирокчиёни мусобиқа омода аст.
“Дар Анталия бояд Чемпионати Аврупо доир мегашт, вале ба соли оянда гузаронида шуд. Инчунин ин шаҳр омодагиашро барои қабули марҳилаи Ҷоми ҷаҳон-2020 изҳор дошта буд”, - омадааст дар изҳорот.
Инчунин World Archery қайд кардааст, ки барои он ки мусобиқа дар Туркия интихобӣ маҳсуб ёбад, бояд дар он ҳадди ақал намояндагони чор давлат ширкат намоянд. Ҳангоми таҳияи нақша бартарӣ ба мусобиқоти инфиродӣ дода мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста