Федератсияи ҷудои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон рӯзҳои 13-15-уми ноябр дар Қасри тенис ва маҷмааи обии пойтахт бидуни иштироки мухлисон ё тамошобинон баргузор мешавад.
Ба иттилои Федератсияи ҷудо имсол ба далели ҳамагирии коронавирус ва “бинобар сабаби маҳдудиятҳои давраи имрӯза иштироки мухлисон дар толор иҷозат нест”.
Аммо телевизиони “Варзиш” хабар додааст, ки раванди сабқати паҳлавононро ба таври зинда нашр мекунанд ва мухлисони ҷудо метавонанд онро аз ин телевизион ва шабакаи “Футбол” бубинанд. Оғоғи сабқатҳои муқаддамотӣ аз соати 09.00 ва вохӯриҳи финалӣ аз соати 17.30 гуфта мешавад.
Дар назар аст, ки паҳлавонони минтақаҳои Суғду Хатлон, Бадахшону навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе барои дарёфти унвони Қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон дар соли 2020 дар вазнҳои -60, -66, -73, -81, -90, -100 ва +100 майдондорӣ намоянд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста