Имрӯзҳо дар шаҳри Турсунзода корҳои таъмиру навсозии Боғи марказии фарҳангу истироҳат ҷараён доранд. Дар майдони 3 гектар бунёди фаввораву аттраксионҳо, амфитеатр, бинои мактаби мусиқӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бори нахуст дар таърихи шаҳр Қасри шоҳмот ба нақша гирифта шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ бо истинод ба гуфтаҳои раиси шаҳр Парвиз Акрамзода, Қасри шоҳмот аз ҷумлаи иншооте мебошад, ки ба муносибати 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва 110-солагии Мирзо Турсунзода бунёд мегардад.

Қобили зикр аст, ки то соли 2000-ум ба бозии шоҳмот дар шаҳри Турсунзода таваҷҷуҳи лозимӣ зоҳир шуда, намояндагони шаҳр дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ҷоизаҳо ба даст меоварданд. Соли 2009 гроссмейстер Фаррух Амонатов дар интихоботи раҳбарияти федератсияи маҳаллии шоҳмот ширкат варзида, бо дӯстдорони шоҳмот бозии яквақта гузаронид.
Дар шаҳр барои кӯдакону калонсолон маҳфилҳо (клубҳо)-и бозии шоҳмот амал мекарданд. Дар ТАЛКО низ мунтазам мусобиқаҳо оид ба шоҳмот баргузор мешуданд. Аммо минбаъд ҳукумат ба рушди бозии шоҳмот дар шаҳр таваҷҷуҳ зоҳир накарда, ҳамаи ташаббусҳо оид ба эҳёи он натиҷаи дилхоҳ надоданд.
Имрӯз соҳибкори маҳаллӣ Шавкат Мадраҳимов ваъда дод, ки ин анъанаи некро эҳё менамояд ва ҳукумат ӯро дастгирӣ кард. Соҳибкор изҳор дошт, ки аз ҳисоби даромадҳои ҶДММ “Сардор-2008” дар Қасри нав ду синфи бозии шоҳмот месозад.
Ба ифтихори ҷашни Истиқлолият дар шаҳри Турсунзода дар маҷмӯъ сохтмони 382 иншоот дар назар буда, 282-то аз онҳо, аз ҷумла мактабу муассисаҳои тиббӣ, корхонаҳо, боғу гулгашт, биноҳои маъмурӣ ва ғайра айни замон аллакай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста