Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузории Ниммарафони навбатии XI байналмилалии Душанбе дар рӯзи 17 апрел қарор ба имзо расонид.
Ниммарафони анъанавии байнулмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт гузаронида мешавад, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад.
Барои ҳавасмандсозии ғолибони ниммарафон аз буҷети шаҳр зиёда аз 493 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт.
Аз ҳамаи бародаршаҳрҳои Душанбе давандагон ба ниммарафон даъват карда мешаванд.
Аз ҷумла барои иштирок дар ин чорабинӣ ба намояндагони шаҳрҳои Лусака (Замбия), Сано (Яман), Монастир (Тунис), Лоҳур (Покистон), Клагенфурт (Австрия), Боулдер (ИМА), Ройтлинген (Олмон) даъватнома фиристода мешавад.
Ҳамчунин давандагон аз Мазори Шариф (Афғонистон), Теҳрон ва Шероз (Эрон), Санкт-Петербург (Русия), Минск (Беларус), Урумчи (Чин), Анқара (Туркия), Сямэн (Чин), Ашқобод (Туркманистон) ва Чиндао (Чин) низ даъватнома мегиранд.
Нахустин Ниммарафони байнулмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба масофаи қариб 21 километр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва ҳамчунин марафончиёни беҳтарини кишвар моҳи апрели соли 2010 баргузор шуда буд.
Ниммарафони Душанбе ба тақвими расмии марафонҳои байнулмилалии ҷаҳон шомил гардидааст, ки аз мақоми баланди он гувоҳӣ медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста