Сунатулло Лоиқов паҳлавони ҷудокори тоҷик дар мусобиқоти Ҷоми Осиё-2021 миёни ҷавонон (Junior Asian Judo Cup Almaty 2021) дар шаҳри Алматои Қазоқистон дар вазни -81 медали нуқра ба даст овард. Ин мусобиқот аз 14 то 16-уми май баргузор шуд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 6 нафар паҳлавон: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), Қурбоналӣ Бозоров ва Ғаниҷон Ғаниев (-73кг), Сунатулло Лоиқов (-81), Ҳайдаралӣ Шоев (-90кг) ва Эмомризо Анварзода намояндагӣ карданд.
Сунатулло Лоиқов дар даври аввал ҷудокори мизбон - Бекзат Таугалиев, дар даври дигар варзишгари дигари мизбон Ботирхон Сакенов ва дар даври ниманиҳоӣ Абдулло Ҷалолиддинови қирғизро шикаст дод.
Паҳлавони тоҷик дар даври ниҳоӣ барои ба даст овардани медоли тилло аз қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2019 Аян Боёғозии мизбон шикаст хӯрд ва ҳамин тариқ барандаи медали нуқра гардид.
Паҳлавонони дигари тоҷик дар ин сабқат дар давраҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд ва ба марҳилаи ба даст овардани медалҳо нарасиданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Рақс ҳаст, суруд ҳаст, аммо китоб нест”. Адабиёти кӯдакона дар Тоҷикистон бо кадом мушкилот рӯбарӯст?
“Ниқобу фаранҷӣ дар дин воҷиб нест". Идораи мусулмонҳои Қирғизистон гуфт, занон барои напӯшидани рӯйи худ гунаҳкор намешаванд
Бо номи ӯ зузанаб ва ситора сабт шуда аст. Светлана Герасименко, астрономи маъруфи Тоҷикистон аз дунё даргузашт
Тоҷикистону Қирғизистон шаҳодатномаи ронандагии ҳамдигарро эътироф карданд
“Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул” то куҷо ба ҳалли мушкили соҳаи шуғл мусоидат мекунад?
“Парасту-2025”. Дар Душанбе фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ баргузор мешавад
Тоскулоҳи бузурги ҷудо-2025 дар Душанбе. Кай баргузор мешавад ва ин чӣ гуна мусобиқа аст?
Доналд Трамп гуфт, бо Эрон музокироти мустақим дорем. Аббос Ароқчӣ мегӯяд, мулоқот ғайримустақим аст
Рӯнамоии портали ягонаи давлатии EGOV.TJ дар Душанбе
Дар Рӯшон сангреза ба хонаи сокини маҳаллӣ зарар расонид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста