Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио, ки рӯзи 23 июл оғоз мешавад, 10 варзишгар - ҷудокорон Сомон Маҳмадбеков (вазни то 73 кг), Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Темур Раҳимов (то 100 кг); боксчиён - Баҳодур Усмонов (то 63 кг), Шаббос Неъматуллоев (то 81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (зиёда аз 91 кг); варзиши сабук - Илдар Аҳмадиев (давидан ба масофаи 100 м); шиноварон - Олимҷон Эшонов (тарзи озод, 50 м) ва Анастасия Тюрина (тарзи озод, 50 м) намояндагӣ мекунанд.
Муфассалтар бо онҳо шинос мешавем.
21 декабри соли 1997 дар Душанбе таваллуд шудааст. Навъи варзиш – бокс, вазни дараҷаи то 63 кг. Дигар навъҳои варзиш, ки бо онҳо машғул аст – баскетбол, шашка, гимнастика. Маълумот – Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш. Мураббӣ – Мирзо Шамсиев. Оғози фаъолияти касбӣ – соли 2006. Идеал дар варзиш – Васил Ломаченко (бокс, Украина). Унвон – устоди байнулмилалии варзиши Тоҷикистон. Дастовардҳо – медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ дар Чемпионати Осиё ва як қатор мусобиқаҳои байнулмилалӣ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.