Шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ваъда кардааст, ки агар ширкаткунандагони Бозиҳои олмипии Токио аз Тоҷикистон медал ба даст биоваранд, ба онҳо дар Душанбе хона тақдим мекунад. Бозиҳои олимпии Токио имрӯз дар Ҷопон расман ифтитоҳ мешаванд.
Раҳбарии Кумитаи олмипии Тоҷикистон дар замони гусели тими олимпии Тоҷикистон аз номи Рустами Эмомалӣ гуфтаанд, ки агар касе медали олимпӣ ба даст биорад, ба ӯ хона тақдим карда мешавад. Дар ин бора хабаргузории расмии "Ховар" хабар медиҳад.
Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки шаҳрдори Душанбе барои барои медали тилло хонаи чорҳуҷрагӣ, барои медали нуқра хонаи сеҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ хонаи дуҳуҷрагӣ ваъда кардааст.

Ба ҷуз ин, бар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз Фонди Пешвои миллат ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюмро мегиранд, мутаносибан 300 000, 250 000 ва 200 000 сомонӣ дода мешавад.
Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми июл то 8-уми август дар Токио баргузор мешавад, Тоҷикистонро даҳ варзишгар - Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) - ҳарчор дар риштаи ҷудо, Баҳодур Усмонов (-63 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) - ҳарсе оид ба бокс, Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов оид ба шиноварӣ - намояндагӣ мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста