Паҳлавони маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо - Paris Grand Slam 2021 ҷои панҷумро сазовор шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, мусобиқа 16-17 октябр бо иштироки 281 варзишгар (164 мард, 117 зан) аз 45 давлати дунё доир гардида, Тоҷикистонро дар он як варзишгар – Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг намояндагӣ кард.
“Ӯ дар се давр бар варзишгарони Муғулистон (Уранбайар Одгерел), Испания (Ҷорҷе Гарсиа), Озарбойҷон (Ҳидоят Ҳайдаров) дастболо шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Сомон дар нимфинал аз Тео Рикюини фаронсавӣ, ки медали нуқра ба даст овард ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз Александру Раисуи руминиягӣ мағлуб гардида, ҷои панҷумро сазовор шуд. Дар вазни -73кг медали тилло насиби Кеншӣ Ҳарада (Ҷопон), медали дигари биринҷӣ насиби Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон) гашт”, - омадааст дар хабари Кумита.
Гуфта мешавад, ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд: ҷои аввал – 5 ҳазор евро, ҷои дуюм – 3 ҳазор евро ва ҷои сеюм – 1 ҳазору 500 евро.
Ёдрас мешавад, ки Сомон Маҳмадбеков – иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз мусобиқаҳои Гранд Слам як медал дорад. Ӯ соли 2019 дар Гранд Слами Осака (Ҷопон) медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Бо вуҷуди ба сафи ҷоизадорони ин мусобиқа шомил нагардидани Сомон Маҳмадбеков, ӯ тавонист, ки дар радабандии байнулмилалии ҷудокорон 232 имтиёз ба даст орад. То оғози мусобиқаи мазкур Сомон Маҳмадбеков бо 2 657 имтиёз дар зинаи 15-ум қарор дошт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур ва ҳаммоми маҳалла”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста