Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов палавонони хушноми тоҷик ба финали рақобатҳои қаҳрамонии самбои ҷаҳон роҳ ёфтанд. Ин рақобатҳо имрӯз дар пойтахти Ӯзбекистон, шаҳри Тошканд оғоз шуданд ва то рӯзи 14-уми ноябр давом мекунанд.
Хушқадам Хусравов, ки соли 20187 қаҳрамони самбои ҷаҳон шуда буд, дар вазни то 64 кило аз даври 1/16-ниҳоӣ вориди рақобат шуд. Вай пас аз чаҳор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Қирғизистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия ва Русия ба финал роҳ пайдо намуд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ имрӯз бо Рахат Жананийет аз Қазоқистон вориди рақобат мешавад.
Акмалиддин Каримов, барандаи чор медали нуқраи рақобатҳои самбои ҷаҳон, дар вазни то 58 кило аз даври ҳаштякниҳоӣ ба рақобат пардохт. Ӯ баъди се пирӯзӣ бар варзишгарон аз Тринидад ва Тобаго, Марокаш ва Қазоқистон ба финал баромад. Дар қувваозмоии ниҳоӣ, ки имрӯз сурат мегирад, рақибаш Саян Хертек аз Русия мебошад.
Инду варзишгари хушноми тоҷик шогирдони муррабии саршиноси тоҷик Муҳаммадшари Сулаймонов мебошанд. Худи Муҳаммадшариф Сулаймонов дар Тошканд шогирдонашро ҳамроҳӣ мекунад.
Дар роқобатҳои қаҳрамонии самбои ҷаҳон варзишгарони 50 кишвари дунё ширкат доранд, Тоҷикистонро дар сабқати мардон, дар самбои варзишӣ ҳафт варзишгар – Акмалиддин Каримов (-58 кг), Хушқадам Хусравов (-64 кг.) Муҳаммадисо Раҷабов (-71 кг), Ҳамроз Раҷабов (-79 кг), Зафар Олимшоев (-88 кг), Фирдавс Насимов (-98 кг) ва Хуршед Маҷидов дар вазни + 98 кило – намояндагӣ мекунанд.
Инчунин имрӯз, 12-уми ноябр, дар сабқати занон оид ба самбои варзишӣ дар вазни то 59 кило Шоҳида Қаландарова ширкат варзид. Ӯ ба рақобат аз даври 1/8-ниҳоӣ сар кард ва аз рақибаш Анда Валвои аз Руминия шикаст хӯрд.
Шаш нафари дигар – Бобохон Мирзозода (-58 кг), Сорбон Латифов (-64 кг), Саидҷони Ҳайдар (-71 кг), Табрезшо Парпишоев (-79 кг), Фаридун Одилов (-88 кг) ва Олимхоҷа Олимов (-98 кг) - дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ иштирок хоҳанд кард.
Ба барандагони медалҳои тилло дар ҳар вазн 4 000 доллари ИМА, барои медалҳои нуқра 3 000 доллари ИМА ва барои медалҳои биринҷӣ 2 000 доллари ИМА супурда мешавад.
Тоҷикистон то кунун се қаҳрамони рақобатҳои самбои ҷаҳон дорад: cоли 1975 паҳлавони машҳури тоҷик Саидмуъмин Раҳимов, соли 2017 Беҳрӯзи Хоҷазода ва соли 2018 Хушқадам Хусравов.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Чӣ бояд кард, агар хонаи шумо ба нақшаи тахриб ворид шудааст?
“Агар духтарам ваксина мегирифт, шояд имрӯз фалаҷ намешуд” Чаро иммунизатсия муҳим аст?
Имсол ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар ҳамлаи мушакии Ҳусиҳои Яман ба фурудгоҳи Исроил 6 нафар ҷароҳат бардоштаанд
Волидайни Рухшона Ҳакимова барои додхоҳӣ ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардаанд
Чаро намоишномаи “Ҷанг”-и театри Озарбойҷон рӯйи саҳна наомад?
Эмомалӣ Раҳмон аз раисони Рашту Тоҷикобод хост, шароити зисти мардуми аз зилзила зарардида ҳарчи зудтар муҳайё гардад
"Dushanbe Grand Slam 2025”. Тоҷикистон бо дарёфти 11 медал дар ҷойи аввал қарор гирифт
Натиҷаи дархост барои "Green-Card" эълон шуд. Чӣ тавр метавонед санҷед, ки бурд кардед ё не?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 11
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста