Навраси тоҷик Эмомҳусайн Умарови 11-сола барои истеъдоди фавқулоддаи варзишиаш ба китоби рекордҳои “Гинес” шомил шудааст. Гуфта мешавад, ки Эмомҳусайн дар ҳузури доварон бе танаффус 5 ҳазору 200 болофишорӣ (отжимания) анҷом дода, шомили китоби рекорд гаштааст.
Дар ин бора Ризвон Ошурмамадов мураббии муҳорибаи омехтаи Эмомҳусейн тариқи шабакаи “Ютуб” хабар дод.
Эмомҳусайн Умаров, ки ҳоло 11 сол дорад, ҳанӯз дар 7-солагӣ номаш расонаӣ гардида буд. Он замон расонаҳо навишта буданд, ки ӯ бидуни танаффус 11 ҳазор болофишорӣ (отжимания) анҷом медиҳад. Падар ва тағои ин наврас идао доштанд, ки 13 ҳазор болофишории Эмомҳусайнро ҳисоб кардаанд ва то кунун касе ба ӯ баробар нашудааст.
Он замон падари Эмомҳусайн талош мекард, ки зӯри бозуи фарзандаш дар китоби рекордҳои “Гиннес” сабт шавад.

Раҷаб Умаров, падари Эмомҳусайн он замон гуфта буд, ки ба тавоноии писараш бовар дорад, вале намедонад чӣ гуна ӯро ба масъулони китоби рекордҳои “Гиннес” муаррифӣ кунад. Барои ин, вай аз масъулини варзиши кишвар ва раиси шаҳри Душанбе кумак хоста буд.
Моҳи ноябри соли 2017 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода Эмомҳусейн Умаровро барои истеъдоди нодири варзишиаш – тавони 11 ҳазор болофишорӣ (отжимание) ситоиш карда, ба ӯ соати дастӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда буд.
Эмомҳусейн Умаро, ҳоло дар шаҳри Красноярски Русия тамрин менамояд. Ӯ, фарзанди нуҳум ва хурдии хонавода, ки дар баробари болофишорӣ ин кӯдак машқҳои акрабатикӣ ҳам анҷом медиҳад ва дар варзиш истеъдоди фавқулодда дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста