Дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023 дар гурӯҳи «F», ки дар Бишкек ҷараён дорад, мунтахаби миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 бар дастаи Сингапур ғолиб омад.
Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, нимҳимоятгар Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 53-юми вохӯрӣ муаллифи голи ягона ва пирӯзиовар гардид.
Дар бозии дигари ин гуруҳ соҳибони майдон - мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 бар тими Мянмар дастболо шуд.
Қобили зикр аст, ки дар даври аввали ин мусобиқа футболбозони тоҷик дастаи Мянмарро бо ҳисоби 4:0 шикаст доданд. Дар ҷадвали гурӯҳи «F» Тоҷикистону Қирғизистон 6-имтиёзӣ ба даст оварда, лекин аз ҳисоби таносуби тӯбҳо (5:0) Тоҷикистон дар зинаи аввал қарор дорад. Аз ин рӯ, барои зинаи аввалро ишғол намудан дар гурӯҳ дар даври охир барои футболбозони тоҷик натиҷаи мусовӣ ҳам кифоя аст.

Ёдрас мекунем, ки марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023 дар 6 зергурӯҳ доир мегардад. Ғолибон ва 5 дастаи беҳтарини зинаи дуюми гуруҳҳо ба даври финалӣ роҳ меёбанд.
Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 14-уми июн бо тими мизбон - Қирғизистон бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуда, соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Даври 3-юм
14 июн (сешанбе)
15:30 – Мянмар – Сингапур
20:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
Оғози бозӣ бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста