Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо миёни ҷавонон (Guayaquil World Championships Juniors 2022), ки аз 10 то 13 августи соли равон дар шаҳри Гуаякили Эквадор баргузор мегардад, 7 варзишгар муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ, мегӯяд, дар ин мусобиқа Абӯбакр Шеров ва Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни то 66кг, Масъуди Аҳмадзод дар вазни то 73кг, Сунатулло Лоиқов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов дар вазни то 81кг, Эмомризо Анварзода дар вазни то 100кг ва Мансур Раҳмон дар вазни +100кг ширкат хоҳанд кард.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар чемпионат 392 варзишгар аз 65 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.
Ин ниҳод ҳамчунин ҷадвали баргузории мусобиқаҳоро нашр намудааст: (Соат бо вақти Душанбе муқаррар шудааст).
9-уми Август | Сешанбе
Қуръакашӣ
Оғоз: 23:55
Рӯзи 1
10-уми Август | Чоршанбе
Маҳилаи муқаддамотӣ: 20:00
11-уми Август | Панҷшанбе
Марҳилаи ниҳоӣ: 02:00
Занон: -48 kg, -52 kg;
Мардон: -60 kg, -66 kg;
Рӯзи 2
11-уми Август | Панҷшанбе
Маҳилаи муқаддамотӣ: 20:00
12-уми Август | Ҷумъа
Марҳилаи ниҳоӣ: 02:00
Занон: -57 kg, -63 kg;
Мардон: -73 kg;
Рӯзи 3
12-уми Август | Ҷумъа
Маҳилаи муқаддамотӣ: 20:00
13-уми Август | Шанбе
Марҳилаи ниҳоӣ: 02:00
Занон: -70 kg;
Мардон: -81 kg, -90 kg;
Рӯзи 4
13-уми Август | Шанбе
Маҳилаи муқаддамотӣ: 20:00
14-уми Август | Якшанбе
Марҳилаи ниҳоӣ: 02:00
Занон: -78 kg, +78 kg;
Мардон: -100 kg, +100 kg;
Гуфта мешавад, ки барои мақоми аввал 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад.
“Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Барои ҷойи аввал 2000 доллар, барои ҷойи дуюм — 1200 ва барои ҷойҳои сеюм 680 доллар тақдим мешавад, - хабар медиҳад Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Тоҷикистону Қирғизистон амният дар марзро баррасӣ карданд
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон муайян шуд
Русия дар Тоҷикистон истеҳсоли дорувориро ба роҳ монданист
Арзиши эстакада дар Душанбе қариб ба 28,5 млн евро баробар аст
Рустами Эмомалӣ дар робита ба ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ ба ҳамтои эронии худ барқияи таслият ирсол кард
Абдунабӣ Сатторзода: Лоиқро ба ҳарду майдон даъват мекарданд, аммо ӯ ёри на “Шаҳидон” ва на “Озодӣ” буд
Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш изҳори ҳамдардӣ кард
Тайи 10 сол Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 3,8 млрд доллар сармоягузорӣ кард
Хисороти боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар кишвар
Тотористон ронандагон ва муҳандисони тоҷикро ба кор ҷалб кардан мехоҳад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста