24-уми ноябр, бозиҳои охирини даври 1-уми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар ба анҷом расиданд, ки дар он тимҳои гурӯҳҳои G ва H вориди рақобат шуданд.
Гурӯҳи G
Швейтсария – Камерун – 1:0
Дар қисми аввали бозӣ мунтахабҳои Швейтсария ва Камерун чандон рақобати ҷиддӣ надоштанд. Аммо дар дақиқаҳои аввали қисми дуюми бозӣ Эмболо Брил ҳисобро барои мунтахаби Швейтсария кушод. Ҳамин тавр, то охири бозӣ ҳарду тим ягон гол назаданд. Дар маҷмӯъ 51 дарсади туб дар идораи тими Швейтсария ва 49 дарсад дар идораи тими Камерун буд. Бозӣ бо ҳисоби 1:0 бо пирӯзии швейтсариҳо ба поён расид.

Бразилия — Сербия — 2:0.
Мунтахаби Бразилия бо 58 дарсади идораи тӯб ва дубли Ричарлисон 2 тӯбро ба дарвозаи Сербия ворид кард. Тими миллии Сербия талош кард то ҳисобро барои худаш боз кунад, аммо ҳуҷумҳояш бебарор анҷомиид. Тими Сербия 42 дарсад тӯбро дар даст доштанд. Бозӣ бо ҳисоби 2:0 бо пирӯзии Бразилия ба поён расид, аммо мухлисони ин дастаро ҷароҳати бардоштаи яке аз беҳтарин бозигарони даста – Неймар озурда кард. Ҳоло маълум нест, ки ҷароҳати Неймар то куҷо ҷиддӣ аст ва оё ӯ метавонад дар бозии оянда иштирок кунад ё не.
Дар гурӯҳи "G" Бразилия ва Швейтсария 3 имтиёзӣ ба даст овардаанд. Мунтахабҳои Камерун ва Сербия бошад пас аз даври аввал ҳоло имтиёз надоранд.
Гурӯҳи H
Уругвай – Кореяи Ҷанубӣ – 0:0;
Тимҳои Уругвай ва Кореяи Ҷанубӣ тақрибан дар як сатҳ бозӣ карданд. Агарчи кореягиҳо талош карда бошанд ҳам бенатиҷа анҷом ёфт. Бозӣ мусовӣ ба поён расид.

Португалия — Гана — 3:2
Талошҳои мунтахабҳои Португалия ва Гана дар қисми аввали бозӣ ноком буд. Гарчанде бисёриҳо интизор доштанд, ки португалиҳо ҳисобро дар қисми аввали бозӣ мекушоянд, аммо қисми аввали бозӣ бидуни гол хотима ёфт. Дар дақиқаи 65-уми бозӣ Роналду аз пеналтӣ ҳисобро барои тими Португалия кушод. Ин голи рекордии Роналду буд. Ӯ ягона футболбозе шуд, ки дар панҷ ҷоми ҷаҳон пайиҳам гол мезанад.

Тими Гана дарҳол дар дақиқат 73 голи ҷавобӣ заданд ва ҳисобро баробар карданд. Бозигарони Португалия Феликс Ҷоао дар дақиқаи 78 ва Леао Рафаел дар дақиқа 80 гол заданд. Дар дақиқаи 89 Букари Осман бо голи худ, ки хашми Роналдуро овард, ҳисоби тими миллии Ганаро 2 кард. Довар 9 дақиқа илова кард ва дар вақти иловагӣ ҳарду тим сахт кӯшиш карданд то аз фурсат истифода баранд. Португалиҳо 68 дарсади тубро илора карданд ва тими Гана 32 дарсад. Бозӣ бо ҳисоби 3:2 ба поён расид.
Дар гурӯҳи «H» Португалия бо касби 3 имтиёз пешсаф аст. Ҷойҳои дуюму сеюмро Уругвай ва Кореяи Ҷанубӣ касб карданд (ҳарду тим 1-имтиёзӣ доранд) ва Гана дар ҷойи чаҳорум қарор дорад (0).
Имрӯз, 25-уми ноябр, даври дуюми бозиҳои гурӯҳӣ оғоз мегарданд. Мухлисони футбол метавонанд бозиҳои зеринро тамошо кунанд.
Эрон ва Уэлс -15:00
Қатар-Сенегал 18:00
Нилерланд-Эквадор 21:00
Англия-ИМА 00:00




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста