Соли 2023 дар Душанбе бори нахуст мусобиқаи Гран-прии ҷудо баргузор мешавад. Мусобиқа рӯзҳои 2-4 июни соли оянда доир мегардад. Он ба тақвими Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) дохил карда шудааст.
Тавре ки гуфта мешавад, дар он ҳудуди 300 нафар ҷудокорони зиёда аз 30 кишвари саросари дунё ширкат хоҳанд варзид. Дар марҳилаҳои ҷудогона онҳо барои даст ёфтан ба имтиёзҳо (баллҳо)-и олимпӣ рақобат мекунанд.
Қаблан бо ибтикори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муяссар шуда буд, ки бо IJF дар бораи баргузории мусобиқаи Гран-прии ҷудо дар солҳои 2023-2025 дар Душанбе тавофуқ ҳосил шавад. Баъдан дар Абу-Даби байни Федератсияи байнулмилалии ҷудо ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар ин бора созишномаи дахлдор ба имзо расид.
Дар баробари ин Федератсияи байнулмилалии ҷудо дар сомонаи худ мусоҳиба бо роҳбари нави Федератсияи миллии ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоирро нашр кардааст.
Муаллифи мавод зикр мекунад, ки Исмоил Маҳмадзоир аз як тараф зерсохтори варзишӣ бунёд намуда, аз ҷониби дигар, ба варзишгарони тоҷик аз лиҳози моддӣ ва молиявӣ кумак мекунад.
Дар мусоҳиба Исмоил Маҳмадзоир изҳор намудааст, ки дар марҳилаи аввал муттаҳид кардани талошҳои даста, ҳайат ва мураббиёнро баҳри рушди ҷудои занона ва паралимпӣ, роҳандозии низоми муосири омодагӣ дар минтақаҳо ва ҳунарнамоии муваффақона дар Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж (Фаронса) зарур мешуморад.
Ба ақидаи ӯ, Гран-при Душанбе-2023 барои Федератсияи миллӣ як гардиши нав дар рушди ин навъи варзиш дар Тоҷикистон хоҳад буд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста