Темур Раҳимов, ҷудокори тоҷик дар рӯзи охири мусобиқаи ниҳоии “Masters-2022” дар Байтулмуқаддаси Исроил миёни сангинвазнҳо соҳиби нишони нуқра гардид. Дар ин бора ТВ “Варзиш” хабар медиҳад.
Ӯ нахустин ҷудокори тоҷик аст, ки ба даври ниҳоии мусобиқаи “Masters” роҳ ёфт ва соҳиби нишони нуқра гардид.
Дар даври ниҳоии мусобиқа Темур бо Татсуру Саито, ки қаблан ду маротиба аз ӯ мағлуб шуда буд, қувваозмоӣ кард.
“Дар рақобати ин ду ҷудокор Саитои ҷопонӣ дар сонияҳои охир бо усули “осайикоми” тавонист, ки муқобили Темур зафар ёбад ва аввалин нишони тиллояшро дар мусобиқаҳои ниҳоии “Masters” соҳиб шавад”, - менависад ТВ “Варзиш”.
Бояд гуфт, ки ҷудокори сангинвазни тоҷик Темур Раҳмов дар даври аввал озод буд ва рақобатро дар даври дуюм муқобили Ричард Сипоч аз Маҷористон оғоз кард.
Дар ин нерӯсанҷӣ Темур Раҳимов тавонист, ки бо имтиёзи иппон муқобили Ричард Сипоч зафар ёбад ва роҳашро ба даври чаҳорякниҳоӣ ҳамвор созад.
Дар даври чаҳорякниҳоӣ Темур Раҳимов бо ҷудокори озарӣ Ушанги Кокаури сабқат кард. Ин рақобат барои Темур мушкил паси сар шуд, зеро ҷудокори 30 солаи озарӣ то лаҳзаҳои охир хуб истодагарӣ кард. Аммо ин устувории Кокаури масири Темурро тағйир дода натавонист. Зеро дар ин сабқат Темур дастболо гардид ва роҳашро ба даври нимниҳоӣ ҳамвор кард.
Ҳамин тавр, дар даври нимниҳоӣ рақиби Темур - Алишер Юсупов аз Ӯзбекистон гардид. Қаблан Темур дар мусобиқаи Гранд Слами Боку муқобили ин ҷудокори ӯзбек пирӯзӣ ба даст оварда, аввалин нишони тиллояшро соҳиб шуда буд. Дар рақобати имрӯза ҳам Темур тавонист, ки бо имтиёзи иппон муқобили Алишер зафар ёбад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо “Jerusalem Masters 2022”, ки 20-22-юми декабр доир шуд, се варзишгари маъруф - Нуралӣ Эмомалӣ (то 66 кг), Комроншоҳ Устопириён (то 90 кг) ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг намояндагӣ мекунанд.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста