Дастикам 7 ҷудокори тоҷик дар оғози "фаслҳои ҷудои ҷаҳонӣ" дар мусобиқоти Ҷоизаи бузурги ҷудои Партугалия - «Grand Prix Portugal», ки рӯзҳои 27-29-уми январ дар шаҳри Алмадаи ин кишвар баргузор мегардад, ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, Темур Раҳимов ва Эмомалӣ Нуралӣ, ду ҷудокори ҳирфаӣ ва узви тими миллии ҷудои кишвар, ки дар корномаашон натиҷаҳои назаррас доранд, бо сабаби мушкил дар дарёфти раводид наметавонанд дар мусобиқаи мазкур иштирок кунанд.
Як манбаъ аз Федератсияи ҷудои кишвар гуфт, бо сабабҳои номаълум дарёфти визаи Шенген барои онҳо рад шудааст.
Ӯ гуфт, ҳарчанд Федератсия кӯшиш кард, вале натиҷае надод.
Ба дастаи миллии ҷудои кишвар 7 ҷудокор: Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Мансур Раҳмон (+100 кг) шомиланд.
Тамура Тори, мураббии соҳибтахассуси ҷопонӣ дастаро ҳидоят хоҳад кард.
Бояд тазаккур дод, ки тими миллии ҷудои кишвар аз 9-ум то 16-уми январ дар тамрингоҳи омӯзишу парвариши ҷудоварзон дар шаҳри Миттерсилли Австрия бо роҳбарии Муҳаммадмурод Абдураҳмонов омодагӣ диданд.
Ҳамзамон, бо оғози фасли нави ҷудои ҷаҳонӣ ва ширкат дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷудокорон барои касби саҳмияи Бозиҳои тобистонаи олимпии Порис - 2024 талош хоҳанд кард.
Хишти аввал. Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс” 29-солагии худро таҷлил мекунад
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста