Юсуф Абдусаламов, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон, бар хилофи овозаҳо, аз даста нарафтааст ва бо шогирдонаш фаъолияташро идома медиҳад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” ноиби президенти Федератсияи гуштии Тоҷикистон Насим Юсуфзода хабар дод.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар паҳн шуд, ки Юсуф Абдусаламов аз мақомаш канор меравад.
Ба қавли Насим Юсуфзода, сармурабии тими миллӣ мушкилоти хонаводагӣ дошт.
“Дар ҳоли ҳозир ӯ ва аҳли оилааш маслиҳат доранд, ки корро дар Тоҷикистон идома мебидаҳд ё ба таври фосилавӣ”, - гуфт Насим Юсуфзода.
Ин масъули Федератсияи гуштии Тоҷикистон қазияро бештар шарҳ надод, аммо гуфт, “Федеросияи гуштии озод омода аст, мураббиро бо манзил таъмин кунад”.
Соли 2008, вақте Юсуф Абдусаламов зери парчами Тоҷикистон медали нуқраи олимпиро ба даст овард, аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки ба ӯ манзил диҳанд.
Аммо ба варзишгар таваҷҷуҳи зарурӣ надоданд ва ӯ Тоҷикистонро тарк кард. Танҳо дар оғози соли 2023 намояндагони ҳайати нави Федератсияи гуштии Тоҷикистон бо ӯ тамос гирифта, ӯро ба вазифаи сармураббии тими миллӣ даъват карданд, ки Абдусаломов ба ин розӣ шуд.
Федератсия умедвор аст, ки мушкилиҳои мураббӣ ҳал хоҳад шуд ва ӯ паҳлавонони тоҷикро ба мусобиқоти байналмилалӣ омода мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста