Беш аз 300 ҷудокор аз 40 давлат барои иштирок дар Гран-прии Душанбе-2023, ки 2-4-уми июн дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор мешавад, ба Тоҷикистон меоянд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, то имрӯз, 30-юми май, барои иштирок дар ин мусобиқа 313 варзишгар аз 44 кишвари ҷаҳон сабти ном шудаанд.
“Тоҷикистонро ба унвони мизбони Гран-прии Душанбе-2023 34 варзишгар - 28 мард ва 6 зан - муаррифӣ менамояд”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, теъдоди бештари варзишгарон барои иштирок дар Гран-прии Душанбе-2023 аз Аврупо (143 нафар) ва Осиё (145 нафар) номнавис гардидаанд.
Тавре Федератсияи ҷудои Тоҷикистон таъкид мекунад, Ган-прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 буда, ба рейтинги варзишгарон хол илова мекунад.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад:
- Ҷойи 1-ум – 3000 доллар (варзишгар 2400 ва мураббӣ 600);
- Ҷойи 2-юм – 2000 доллар (варзишгар 1600 ва мураббӣ 400);
- Ҷойи 3-юм (2 варзишгар) – 1000 доллар (варзишгарон 800 ва мураббиён 200).
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ин варзишгарон намояндагӣ мекунанд:
Мардон дар вазни -60кг - Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Меҳрзод Сӯфиев, Ҳақдод Гулов, Муҳаммад Маҳмадизода;
- дар вазни -66кг - Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, Шаҳбоз Саидаброров, Фирӯз Мелибойзода;
- дар вазни -73кг - Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Абубакр Шеров, Мирзоҷамил Рамазонов;
- дар вазни -81кг - Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Сайфиддин Сайфиддинзода;
- дар вазни -90кг - Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Ҳақназар Назаров, Акмал Муродов;
- дар вазни -100кг - Абубакри Акобир, Исроил Раҳимов, Эмомризо Анварзода, Раҳматулло Мирзоев;
- дар вазни +100кг - Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Иброҳим Элмуродов, Шакармамад Мирмамадов;
Бонувон дар вазни -48кг - Шукрона Қарчиева, Мадина Қурбонзода;
- дар вазни -52кг Аҳлия Муъминова;
- дар вазни -57кг - Шоҳида Қаландарова, Фазилат Гулбоева;
- ва дар вазни -63кг Мавлуда Одинаев;
Бояд гуфт, ки қаблан шаҳри Душанбе дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо дар давраи солҳои 2023-2026 ҳаққи баргузории мусобиқоти Гран-приро соҳиб гардида буд.
Ёдовар мешавем, ки Гран-при оид ба ҷудо ҳар мавсим дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Пеш аз Бозиҳои олимпӣ баъзе Гран-приҳо дорои иҷозатнома мебошанд, ки дар он варзишгарон дар рейтинги олимпӣ соҳиби холҳо мешаванд.
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста