Дар мусобиқаи байналмилалии “Zagreb Grand Prix 2023” оид ба гӯштини ҷудо, ки аз 18 то 20-уми август дар Хорватия баргузор мешавад, Тоҷикистонро 5 варзишгар муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Манбаъ гуфт, дар ин мусобиқа Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60кг, Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73 кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кг ширкат хоҳанд кард.
Маросими қуръакашии Мусобиқаи байналмилалии “Zagreb Grand Prix 2023” оид ба гӯштини ҷудо 17 август доир мешавад ва он аз рӯи ҳафт вазн миёни мардон ва ҳафт вазн байни занон сурат мегирад.
Сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар медиҳад, ки дар рӯзи аввали мусобиқот – 18-уми август – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешавад.
Рӯзи дувуми мусобиқа – 19-уми август – ҷудокорони вазнҳои -73 кг, -81 кг байни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат мекунанд.
Рӯзи 20-уми август дар вазнҳои сангин -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг байни занон баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқа 561 ҷудочӣ- 339 мард ва 222 зан аз 88 давлати дунё барои ба даст овардани нишонҳои фахрӣ қувваозмоӣ менамоянд.
Ба ғолибони мусобиқа, дар баробари медал, мукофоти пулӣ низ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 3000 евро, барои ҷойи дувум 2000 евро ва барои ҷойҳои севум 1000-евроӣ супурда хоҳад шуд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста