Дар Чемпионати навбатии ҷаҳон оид ба гуштӣ, ки аз 16 то 24-уми сентябр дар Сербистон баргузор мешавад, 6 варзишгар аз Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Ҳайати тими миллии Тоҷикистон:
Абдулмаҷид Қудиев (то 65 кг),
Мустафо Ахмедов (то 70 кг),
Магомед Евлоев (то 74 кг),
Шуҳрат Бозоров (то 79 кг).
Ин варзишгарон Тоҷикистонро дар мусобиқоти гуштии озод намояндагӣ мекунанд:
Асламҷон Азизов (то 60 кг) ва Фирӯз Мирзораҷабов (то 67 кг) - дар намуди гуштии юнониву румӣ.
Иштирокчиёни ин мусобиқа ҳамчунин барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024, ки дар Париж баргузор мешавад, низ рақобат хоҳанд кард. Дар маҷмӯъ, варзишгарон барои 90 квота мубориза мебаранд.
Ҷадвали баргузории мусобиқот бо ширкати паҳлавонони тоҷик:
16 сентябр.
Гуштии озод. Мустафо Ахмедов (то 70 кг)
17 сентябр.
Гуштии озод. Магомед Евлоев (то 74 кг), Шуҳрат Бозоров (то 79 кг).
18 сентябр.
Гуштии озод. Абдулмаҷид Қудиев (то 65 кг).
22 сентябр.
Гуштии юнонию румӣ. Асламҷон Азизов (то 60 кг).
23 сентябр.
Гуштии юнонию румӣ. Фирӯз Мирзораҷабов (то 67 кг).




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста